ХУДО ИНСОНРО БАРОИ ЧӢ ОФАРИД?
Барои чӣ мо ба кӯдак тӯҳфа медиҳем? Аз он сабаб тӯҳфа медиҳем, ки ӯ муҳаббати моро ҳис кунад ва ба он бо муҳаббати худ ҷавоб диҳад.
Худо низ инсонро барои он офарид, ки мо аз ҳаёти хушбахтона дар ягонагӣ бо Ӯ ҳаловат бурда тавонем. Аммо чунин шуд, ки одамони аввалин – Одам ва Ҳавво – Нақшаи Худоро дар хусуси инсон вайрон карданд.
Бо хиёнати нахустволидон гуноҳ ва марг ба ҷаҳон ворид шуданд. Мо мемурдагӣ шудем, алоқа бо Худо канда шуда буд. Ва барои он ки имконияти муттаҳидшавии инсон бо Худо барқарор карда шавад, Худо Худаш назди одамон омад ва наҷотро ато намуд.
Наҷоте ки Худованд Исои Масеҳ ба амал овардааст, – халосии ҳар яки мо аз банди иблис, гуноҳ ва марг ва ба мо ато шудани ҳаёти абадӣ дар муошират бо Худост.
Ва ин ҳаёти фаровон дар ҳамин ҷо сар мешавад.
Сирри Таъмиди Муқаддас моро ба ин ҳаёти бо Худо эҳё менамояд. Инсони нав ба дунё меояд. Аммо ин таваллудшавӣ на танҳо ба иҷрои зоҳирии амалҳои муқаддас, балки пеш аз ҳама ба ҳолати рӯҳонии шахсе вобаста аст, ки тайёр аст, онро қабул кунад.
Шахс таъмид гирифтанӣ шуда, ба остонаи қарори беандоза муҳим дар ҳаёти худ қадам мегузорад. Агар шахс ба хотири манфиати заминӣ («касал нашудан; барои пешрафт дар корҳо») ё аз рӯи анъана таъмид гирад, он ҳеҷ манфиате намеоварад. Зиёда аз ин, агар шахс имон надошта бошад ва пас аз таъмид ҳаёти масеҳиёна ба сар бурданӣ набошад, амали муқаддас на танҳо маънояшро гум мекунад, балки зарар расонда ҳам метавонад.
Аз ҳамин сабаб Сирри Муқаддаси Таъмид танҳо бар шахси имондор, ё бар кӯдак ба амал оварда мешавад, ба шарте ки дар оянда волидонаш ё волидони таъмидияш ин кӯдакро дар имони масеҳии Православӣ тарбия кунанд.
Таъмид ба номи Худои Воҳиди Сегона – Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс ба амал оварда мешавад. Ва агар ҳамаи шартҳои таъмид риоя карда шаванд, Рӯҳулқудс рӯҳи инсонро чун дар кӯра мегудозад, гуноҳҳоро нобуд мекунад ва онро аз ҳар гуна тилло поктар ва пурҷилотар мекунад.

Шартҳои Таъмид – тавба ва имон
Имон на танҳо бо ҳақиқатҳои масеҳӣ, розӣ будани ақл аст. Ин на танҳо имон ба он аст, ки Худо ҳаст, балки ин имон ба Масеҳ – Худо аст, ки Одам шуд ва ба мо ба воситаи марги кафораткунандаи Худ дар Салиб ҳаёти абадӣ ато намуд. Масеҳият – боварӣ ба Худо, ба ихтиёри Ӯ супурдани ҳаёти худ ва аз рӯи Фармудаҳои Ӯ ва мувофиқи хости нек ва комили Ӯ, ки ҳеҷ чиз беҳтар аз он буда наметавонад, умр ба сар бурдан аст. Ин шарти якуми таъмид аст.
Тавба: Танҳо пас аз даст кашидан аз гуноҳҳои худ ва маҳкум кардани онҳо таъмид гирифтан мумкин аст. Ин ба воситаи дарки гунаҳкор будани худ имкон дорад, фаҳмидани он, ки мо аксаран дар зиндагии худ Фармудаҳои Худоро вайрон мекунем. Ва агар мо гуноҳро бад дида, аз он нафрат намуда, ба оби Таъмид ғӯтавар шавем, он гоҳ гӯё риштаи ҳаёти мо канда мешавад, ҳамаи гуноҳҳои мо бахшида мешаванд ва гузаштаи пургуноҳи мо акнун бар мо қудрат надорад ва бароямон бегона аст.
Он гоҳ, чунон ки дар Навиштаи Муқаддас гуфта шудааст, мо нисбат ба гуноҳ мемирем, дар таъмид марги Масеҳро қабул карда гӯронда мешавем ва акнун ҳамроҳи Масеҳ бо қувваи Муқадас Рӯҳулқудс барои ҳаёти нав бо Худо эҳё мешавем. Ва ба оби муқаддас бо зикри номи Воҳиди Сегонаи Муқаддас ғӯта хӯрдан, маҳз ҳамин маъноро дорад.
Ҳамин тариқ, пас аз Таъмид маркази арзишҳои ҳаёт бояд пурра дигар шаванд. Тавбаи ҳақиқӣ – комилан дигаргун шудани тарзи фикрронӣ, тағйир ёфтани зиндагӣ, аз таҳти дил рад кардани гуноҳ аст. Ин шарти дуюми Таъмид аст.
Аммо агар имон набошад, тавба набошад, камтарин хоҳиши ислоҳ намудани ҳаёти худ набошад, гирифтани Сирри Муқаддаси Таъмид маъное надорад, агар нагӯем, ки таҳқири муқаддасот аст.

Ваъдаҳои таъмидӣ
Даст кашидан аз шайтон. Масеҳиён аз таҷрибаи худ медонанд, ки қувваи шайтон (иблис) – рӯҳи бадӣ ва душмани насли башар чӣ гуна аст. Шахсе ки таъмид нагирифтааст, бандаи гуноҳ аст, зеро ки дар асорати иблис аст. Ҳангоми ба ҷо овардани Сирри Муқаддаси Таъмид инсон бояд аз ин рӯҳи бадӣ, аз ҳамаи корҳои ӯ ва аз тамоми ғурури ӯ даст кашад.
Эътирофи имони ҳақ. Сипас шахс қасамро – Эътирофи Имонро ба забон оварда, Масеҳро Худо ва Наҷотдиҳандаи худ эътироф менамояд ва ваъда медиҳад, ки ҳамаи он чиро, ки Худованд дар Хушхабар дар бораи Худ гуфтааст, фаҳмида аз сидқи дил қабул мекунад ва ба Модар – Калисое ки Ӯ таъсис додааст, бовар мекунад.
Як шудан бо Масеҳ. Пас аз ин як шудан (пайваста шудан) бо Масеҳ рӯй медиҳад ва ваъдаҳои таъмидӣ ба Масеҳ Худо дода мешаванд : зистан бо Аҳкомҳои Худо. Аз ҳамин сабаб, барои фаҳмидани он ки аз шахс пас аз Таъмид чӣ гуна ҳаёт талаб карда мешавад, аввал ин Аҳкомҳоро донистан даркор аст.
Ваъдаҳои волидони таъмидӣ. Дар мавриди таъмиди кӯдак, волидон ва волидони таъмидӣ масъулиятеро ба ӯҳда мегиранд, ки ба кӯдак аз хурдӣ тарбияи масеҳӣ диҳанд ва ба Калисо шарик гардонанд. Дар ин маврид кӯдак аз рӯи имони волидон ва волидони таъмидӣ файзи таъмидро ба даст меоварад.
Агарчи кӯдак худ имони бошуурона надорад, ӯ метавонад қувва ва файзро қабул кунад, ки ӯро устувор мегардонад ва қувваҳои рӯҳонии ӯро барои муборизаи минбаъдаи масеҳӣ дар синни калонсолӣ озод менамояд. Аллакай аз хурдӣ ба шарофати Таъмид кӯдак бо қувваи Масеҳ тақвият меёбад.
Ҳамчунин аз бемориҳои ҷисмонӣ шифо ёфтан, бе он ба амал омада метавонанд ,ки табобаткуниро бемор дарк кунад. Ёрии ҳаётан даркориро бе дарки моҳияти он ба даст оварда, ӯ сиҳат ёфта метавонад, аммо онро танҳо ҳамон вақт нигоҳ дошта метавонад, ки минбаъд қоидаҳои тарзи зиндагии солимро риоя намояд. Маҳз аз ҳамин сабаб, агар волидони таъмидӣ дар давоми ба воя расидани кӯдакон барои тарбияи онҳо ғамхорӣ накунанд, гуноҳи вазнинтарин содир мекунанд ва дар Доварии Худо ҷавобгар мешаванд.
Маҳз аз ҳамин сабаб танҳо ҳамон кас волиди таъмидӣ шуда метавонад, ки худаш тарзи зиндагии масеҳӣ дорад ва Фармудаҳои Худоро риоя мекунад.
Наҷот аз банди гуноҳ ва иблис, бахшида шудани гуноҳҳо, ҳаёти абадӣ бо Худо – ҳамаи инро мо дар Таъмид ҳамчун атои Худо бо қувати қаҳрамонии кафорати Масеҳи Наҷотдиҳанда ба даст меоварем.
Аммо ҳамаи инро бо осонӣ аз даст додан мумкин аст, агар ба Худо имон дошта, чунон зиндагӣ кунем, ки гӯё Худо вуҷуд надорад; агар таъмид гирифта, фақат ба ном масеҳӣ бошем. Ҳавворӣ дар бораи чунин шахсон мегӯяд:
Зеро, агар ба воситаи шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳанда Исои Масеҳ аз қабоҳатҳои дунё халосӣ ёфта, аз нав ба доми онҳо афтода мағлуб мешуда бошанд, охирашон барои онон бадтар аз аввалашон мешавад. Барои онҳо надонистани роҳи ростӣ беҳтар мебуд аз он ки, пас аз донистани он, аз аҳкоме муқаддасе ки ба онҳо супурда шудааст, рӯй гардонанд. Ба онҳо ҳамон чизе рӯй медиҳад, ки дар ин зарбулмасали дуруст гуфта мешавад: «Саг ба қайи худ бармегардад, ва хуки шустагӣ ба лой ғел занадан меравад». (2 Пет. 2:20-22).

Минбаъд чӣ гуна бояд зист...
Роҳи зиндагии масеҳӣ пурмашаққат ва мушкил аст. «Аз дари танг дароед, – мегӯяд Худованд, – зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва бисёреҳо бо он роҳ мераванд; азбаски танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад ва каманд ононе ки он роҳро меёбанд » (Мат. 7:13).
Пеш аз ҳама, мо бояд то ҳадди имкон дар худ камтарин боқимондаҳои малакаҳои гунаҳкоронаро нобуд кунем. Чунон ки Юҳаннои Зарсухан гуфтааст, «гуноҳҳоят бахшида шудаанд. Аммо одатро худат ислоҳ намо».
Ҳар кӣ бо Ман ҷамъ намекунад, исроф мекунад (Луқ. 11:23), – мегӯяд Худованд. Аз ҳамин сабаб дар ҳаёти масеҳӣ дар як ҷой истодан мумкин нест.

Воситаҳое ки Худованд ба мо барои эҳёи зиндашавии рӯҳониямон додааст:
- доимо ва сахтгирона санҷидани худ,
- тавба ва эътирофи гуноҳҳо дар назди эътирофкунадаи доимӣ , ки ба худ интихоб карда шудааст.
- Пайвасташавии Муқаддас бо Масеҳ (Ҳидоёи Поку Муқаддасро қабул кардан)
- дуои ҳаррӯза дар хона ва иштироки мунтазам дар парастиши Худо дар ибодатгоҳ
- хондани Навиштаи Муқаддас ва асарҳои Падарони Муқаддас
- интизомнокии зоҳидона (риояи рӯзаҳо)
Ҳамин тавр оҳиста-оҳиста шифоёбии рӯҳонии мо ба амал меояд ва мо лаёқати ҳаловат бурданро аз мавҷудият дар Подшоҳии Осмонӣ пайдо мекунем, ба ин Малакути Муқаддасият хешованд мешавем.
Ва ин Подшоҳии Худо ба ҳаёти заминии мо низ меояд, дар дили худамон пайдо мешавад ва инкишоф меёбад. Ва маҳз бо ҳамин ҳолати рӯҳу ҷон мо дар охири ҳаёти заминиамон бояд ба доварии Худо ҳозир шавем.
Ҳамин тариқ, фақат ду роҳ ҳаст ва мо бояд интихоб намоем – дар ин ҷаҳон бо Худо зиндагӣ карда, ба Ӯ хизмат намоем ё берун аз Ӯ буда, ба гуноҳ хизмат намоем. Интихоб азони мост , аммо мо бояд дар ёд нигоҳ дорем, ки «интиқом аз барои гуноҳ марг аст, аммо атои Худо- ҳаёти абадӣ дар Худованди мо Исои Масеҳ » (Рум. 6:23).