“Худованд Худои худро бо тамоми дил ва бо тамоми ҷон ва бо тамоми ҳушу ақлу фаросотат дӯст дор, ва наздикатро ҳамчун худро”
(Хушхабари Марқус, б. 12:29-30).
Чаро Исои Масеҳро Наҷотдиҳанда меноманд?
Мувофиқи Таълимоти Калисо, пас аз гунаҳкоршавии Одам ва Ҳавво муоширати одамон бо Худо қатъ гардид ва табиати онҳо аз он чи Худо ба нақша гирифта буд, фарқ мекардагӣ шуд: одамон ба гуноҳҳо ва ҳавасҳо моил шуданд, онҳо гирифтори бемориҳо ва марг гардиданд. Дин ба одам барои барқарор намудани ин алоқа бо Худо даркор аст.
Вагарна одам гирифтори ташнагии рӯҳонӣ мешавад ва бе муошират бо Худо, ки сарчашмаи ҳамаи некӯиҳо аст, «дар худ ҳаёт надорад» (Юҳ. 6:53).
Парвардигор, Офаридгори ҳамаи оламҳо, ки пеш аз замон Каломи Абадиро баробар бо Худ дошт, бо таъсири Рӯҳулқудс ду ҳазор сол пеш аз Марями Бокира – Модари Муқаддаси Худо – барои наҷоти насли башар таваллуд шуд.
Ӯ Худ дар батни модар офаридаи навро ба вуҷуд овард – ҷон ва бадани одамиро, ки Худаш офарида буд, аз худ кард ва қабул намуд. Худо одам шуду дар ҳол Худованд монд. Ҳамчунин, офтоб, тухмиро бо нури худ гарм карда, ба он ҳаёт мебахшад, аммо дар айни ҳол иваз намешавад ва ба тухм табдил намеёбад.
Исои Масеҳро Наҷотдиҳанда меноманд, зеро Ӯ ҳар касеро, ки ба Ӯ имон меоварад, аз ҳалокати рӯҳонӣ ва аз банди гуноҳ наҷот медиҳад. Худованди таҷассумёфта (яъне ҷисми одамиро дар бар карда) – пурра Худо ва пурра Инсон – бегуноҳ буда, бо ихтиёри Худ дар салиб барои пок кардани гуноҳҳои мо вафот кард ва эҳё шуд, то ки ба мо ҳаёти абадӣ ато намояд.
Дар бораи Калисо ва Сиррҳои муқаддас
Узви Калисо шуда, ҳаёти рӯҳӣ ба сар бурда ва дар Сиррҳои Муқаддаси Калисоӣ иштирок намуда, шахс аллакай дар ин замин пайвастаи ҳаёти абадӣ шуда метавонад.
Таъмид ва Молидани мурр. Дар об ғӯта хӯрдан рамзи марги одами «кӯҳна» ва гунаҳкор аст, аз об берун шудан бошад – эҳё барои ҳаёти нави пурфайз дар Масеҳ аст.
Шахси таъмидёфта бахшидашавии гуноҳҳо ва имконияти наҷот – пас аз марг, дар абадият бо Худо, бо фариштаҳо ва одамони муқаддас буданро ба даст меоварад. Баробари таъмид гирифтан шахс узви Калисо мешавад.
Молидани мурр одатан дарҳол пас аз таъмид ба амал оварда мешавад. Ин Сирри Муқаддасест, ки дар он ба воситаи молидани мурр ба шахси таъмидгирифта қувваи файзи Худо барои устувор намудани ӯ дар ҳаёти рӯҳонӣ дода мешавад.
Сирри муқаддаси Тавба. Майлҳо ва ҳавасҳои гунаҳкоронаро фавран аз байн бурдан на ҳамеша имконпазир аст. Пас аз таъмид низ шахс боз ба гуноҳ меафтад ва виҷдонаш ӯро боз фош мекунад. Бисёр вақт чунин суханонро шунидан мумкин аст: «Ман он қадар гуноҳ дорам, ки Парвардигор маро намебахшад». Аммо бидон, ки гуноҳе нест, ки аз марҳамати Худо бештар бошад (Мат. 2:17; Юҳ.).
Ҳангоми тавбаи самимӣ ва азми қавии дигаргун намудани ҳаёти худ, онро мувофиқи фармудаҳои Худо бунёд намудан, ва бо амалҳои нек аз байн бурдани гуноҳҳои худ (Луқ. 19:9), Худованд ҳама чизро мебахшад. «Ба шумо мегӯям , ки дар осмон барои як гунаҳкоре ки тавба мекунад, шодӣ зиёдтар мешавад, нисбат ба наваду нӯҳ одилон ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд» (Луқ. 15:7).