Калисои Православии Рус. Патриархати Москва
Тоҷикӣ

Дар бораи асосҳои имони Православӣ.

Фармудаҳое ки Худо дар Аҳди Қадим ба инсон додааст:

  • Ман- Парвардигор Худои ту ҳастам, ва худоёни дигар, бар ту набояд бошанд...
Ин аҳком ба Офаридгори Худ – ба Худои Ягона ва Абадӣ вафодор буданро ба инсон таълим медиҳад.

  • Буте барои худ насоз.
Дар замони мо бисёр вақт пул, мансаб, саломатӣ, роҳат, шахсиятҳои машҳур бутҳо мебошанд. Ин фармуда ба инсон дар бораи эътиборнокии ӯ ёдрас мекунад: тамоми қувва ва вақти худро ба касе ё чизе, ғайр аз Худованд, бахшидан дуруст нест.
Ҳамчунин ин фармуда дар бораи боварӣ ба Худо мегӯяд, ки Ягона аст – сарчашмаи некӯӣ, ҳақиқат, зебоӣ ва Ғамхорикунанда дар ҳаққи ҳама.

  • Номи Парвардигор Худои худро беҳуда ба забон нагир.
Ин фармуда дар назди Худо ва Номи муқаддаси Ӯ тарси эҳтиромона доштанро таълим медиҳад.

  • Рӯзи шанберо дар хотир дор.
Пас аз эҳёшавии Масеҳ рӯзи ҷамъомади аҳли калисо якшанбе гардид. Дар ин рӯз ва низ дар рӯзҳои идҳои калисоӣ, масеҳ кору машғулиятҳои ҳаррӯзаашро монда, вақти худро ба меҳнати рӯҳонӣ мебахшад: дуо дар ибодатгоҳ, хониши Китоби Муқаддас (пеш аз ҳама, Аҳди Ҷадид), дигар китобҳои рӯҳонӣ, дуо дар хона, амалҳои шафқат ва хайрия.

  • Падару модари худро эҳтиром намо, ва файзи баракат ба ту меояду дар замин умри дароз мебинӣ.

  • Одамкушӣ накун.
Шакли паҳншудатарини одамкушӣ дар замони ҳозира – исқоти ҳамл (аборт) аст.

  • Зино накун.
Пеш аз оиладоршавӣ ҳамхоба шудани мард ва зан фосиқӣ аст, хиёнат дар вақти оиладорӣ бошад – зинокорӣ аст.

  • Дуздӣ накун.

  • Дар ҳаққи ёри худ гувоҳии бардурӯғ надеҳ.
Тӯҳмат, маҳкум кардан, дурӯғ гуфтан, бадгӯӣ, хушомадгӯӣ – ҳамаи инҳо гуноҳҳое зидди ҳақиқатанд, ки мо бояд сӯи он майл намоем.

  • Он чиро, ки ба каси дигар тааллуқ дорад, тамаъ накун.
Ҳасад дар ҳамаи зоҳиршавиҳояш – гуноҳ бар зидди ин фармуда аст.

Аз Аҳди Ҷадид:

“Худованд Худои худро бо тамоми дил ва бо тамоми ҷон ва бо тамоми ҳушу ақлу фаросотат дӯст дор, ва наздикатро ҳамчун худро”

(Хушхабари Марқус, б. 12:29-30).

Чаро Исои Масеҳро Наҷотдиҳанда меноманд?

Мувофиқи Таълимоти Калисо, пас аз гунаҳкоршавии Одам ва Ҳавво муоширати одамон бо Худо қатъ гардид ва табиати онҳо аз он чи Худо ба нақша гирифта буд, фарқ мекардагӣ шуд: одамон ба гуноҳҳо ва ҳавасҳо моил шуданд, онҳо гирифтори бемориҳо ва марг гардиданд. Дин ба одам барои барқарор намудани ин алоқа бо Худо даркор аст.

Вагарна одам гирифтори ташнагии рӯҳонӣ мешавад ва бе муошират бо Худо, ки сарчашмаи ҳамаи некӯиҳо аст, «дар худ ҳаёт надорад» (Юҳ. 6:53).

Парвардигор, Офаридгори ҳамаи оламҳо, ки пеш аз замон Каломи Абадиро баробар бо Худ дошт, бо таъсири Рӯҳулқудс ду ҳазор сол пеш аз Марями Бокира – Модари Муқаддаси Худо – барои наҷоти насли башар таваллуд шуд.

Ӯ Худ дар батни модар офаридаи навро ба вуҷуд овард – ҷон ва бадани одамиро, ки Худаш офарида буд, аз худ кард ва қабул намуд. Худо одам шуду дар ҳол Худованд монд. Ҳамчунин, офтоб, тухмиро бо нури худ гарм карда, ба он ҳаёт мебахшад, аммо дар айни ҳол иваз намешавад ва ба тухм табдил намеёбад.

Исои Масеҳро Наҷотдиҳанда меноманд, зеро Ӯ ҳар касеро, ки ба Ӯ имон меоварад, аз ҳалокати рӯҳонӣ ва аз банди гуноҳ наҷот медиҳад. Худованди таҷассумёфта (яъне ҷисми одамиро дар бар карда) – пурра Худо ва пурра Инсон – бегуноҳ буда, бо ихтиёри Худ дар салиб барои пок кардани гуноҳҳои мо вафот кард ва эҳё шуд, то ки ба мо ҳаёти абадӣ ато намояд.

Дар бораи Калисо ва Сиррҳои муқаддас

Узви Калисо шуда, ҳаёти рӯҳӣ ба сар бурда ва дар Сиррҳои Муқаддаси Калисоӣ иштирок намуда, шахс аллакай дар ин замин пайвастаи ҳаёти абадӣ шуда метавонад.

Таъмид ва Молидани мурр. Дар об ғӯта хӯрдан рамзи марги одами «кӯҳна» ва гунаҳкор аст, аз об берун шудан бошад – эҳё барои ҳаёти нави пурфайз дар Масеҳ аст.

Шахси таъмидёфта бахшидашавии гуноҳҳо ва имконияти наҷот – пас аз марг, дар абадият бо Худо, бо фариштаҳо ва одамони муқаддас буданро ба даст меоварад. Баробари таъмид гирифтан шахс узви Калисо мешавад.

Молидани мурр одатан дарҳол пас аз таъмид ба амал оварда мешавад. Ин Сирри Муқаддасест, ки дар он ба воситаи молидани мурр ба шахси таъмидгирифта қувваи файзи Худо барои устувор намудани ӯ дар ҳаёти рӯҳонӣ дода мешавад.

Сирри муқаддаси Тавба. Майлҳо ва ҳавасҳои гунаҳкоронаро фавран аз байн бурдан на ҳамеша имконпазир аст. Пас аз таъмид низ шахс боз ба гуноҳ меафтад ва виҷдонаш ӯро боз фош мекунад. Бисёр вақт чунин суханонро шунидан мумкин аст: «Ман он қадар гуноҳ дорам, ки Парвардигор маро намебахшад». Аммо бидон, ки гуноҳе нест, ки аз марҳамати Худо бештар бошад (Мат. 2:17; Юҳ.).

Ҳангоми тавбаи самимӣ ва азми қавии дигаргун намудани ҳаёти худ, онро мувофиқи фармудаҳои Худо бунёд намудан, ва бо амалҳои нек аз байн бурдани гуноҳҳои худ (Луқ. 19:9), Худованд ҳама чизро мебахшад. «Ба шумо мегӯям , ки дар осмон барои як гунаҳкоре ки тавба мекунад, шодӣ зиёдтар мешавад, нисбат ба наваду нӯҳ одилон ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд» (Луқ. 15:7).

Афсӯс хӯрдан барои кирдори худ, бад дидани гуноҳ, азми дигар такрор накардани он, дар дуои гарму ҷӯшон бахшида шуданро аз Худо хостан – ана ин зинаҳои тавба мебошанд. Калимаи юнонӣ, ки дар нусхаи асл ба маънои «тавба» истифода шудааст, маънои дигаргун шудани ақл ва дилро дорад.

Анҷоми ин меҳнати рӯҳонӣ эътирофи гуноҳҳо аст, ҳангоме ки гунаҳкор захмҳои рӯҳу ҷони худ – гуноҳҳоро – дар назди коҳин чун дар назди табиб ва шоҳиде ки Худо додааст, эътироф мекунад.

Масеҳӣ бояд дар худ майлҳо ва ҳавасҳои гунаҳкоронаро бо некукорӣ решакан кунад.

Ҳавасҳои асосии ҷисм: шикампарварӣ (пурхӯрӣ), зино, пулпарастӣ, хашм, рӯҳафтодагӣ, андӯҳ, шӯҳратпарастӣ, ғурур.

Некӯкориҳое ки муқобили онҳоянд: дӯст доштани Худо ва наздикат , имон, умеди наҷот, фурӯтанӣ, худдорӣ.

Худо ба инсон барои даст кашидан аз майлҳо ва ҳавасҳои гунаҳкорона қувват медиҳад, агар ӯ дар дуо аз Худо хоҳиш кунад ва ба Сиррҳои Муқаддаси Калисоӣ рӯ оварад. Маҳорати муборизаи ботинӣ бар зидди майлу ҳавасҳои ҷисм ва ғалаба бар гуноҳ дар навиштаҳои Падарони Калисо таълимот дода шудааст.