Тамокукашӣ (аз он ҷумла, носкашӣ), бадмастӣ, нашъамандӣ ва намудҳои он. Қиморбозӣ. Филмҳо ва бозиҳои компютерӣ бо саҳнаҳои зӯроварӣ, даҳшатҳо ва куштор. Дар Интернет вақтро беҳуда гузарондан.
Либоси беҳаёёна ва беисматона. Косметика, ранг кардани мӯй, вашм (татуировка) кардан. Бехирадона аз пайи мӯд рафтан, ки рӯҳи фосиқӣ ва шӯҳратпарастиро ифода мекунад. Худпарастӣ, худдонамӣ ва ғурур.
Бисёр вақт мо хатоҳои ночизи худро эътироф мекунем, аммо тамоман аҳамият намедиҳем, ки Худоро дӯст намедорем, ёри худро бад мебинем ва пур аз ҳавобаландӣ, иззатталабӣ ва пур аз шиква ҳастем.
Барои он ки эътирофи мо ба Худо писанд ояд, он бояд самимӣ, ростгӯёна, пур аз фурӯтанӣ ва тарси Худо бошад.
Ҳангоми эътирофи гуноҳ мо набояд:
гуноҳҳои дигаронро эътироф намоем;
қиссаҳои тӯлониро нақл кунем;
бо суханони умумӣ эътироф намоем («ҳаматарафа гуноҳкорам» ва ғайра);
дар бораи корҳои нек ва сифатҳои неки худ нақл намудан;
дар бораи гуноҳои эътирофшуда гап задан, ғайр аз он мавриде ки гуноҳ боз содир шудааст;
ба наздики худ дар дил кина ё ранҷиш доштан;
чизеро пинҳон намудан, зеро бо ин амал мо ин Сирри Муқаддасро масхара мекунем, аммо Худованд Маглубнопазир аст ва ҳеҷ бади ба Вай расида наметавонад – дар натиҷа, ба ҷои бахшида шудан, мо гуноҳҳои худро бадтар мекунем.
Дуои бахшида шудани гуноҳҳоро коҳин бар шахси тавбакарда мехонад. Агар шахс тамоман тавба кардан нахоҳад, агар ӯ аз ҳаёти гунаҳкоронааш даст кашидан нахоҳад, чунин Эътироф беэътибор аст.
Роҳи тавба
Бояд фаҳмид, ки агар ҳатто ҳамаи коҳинон, патриархҳо, архиерейҳо ва тамоми ҷаҳон моро бахшанд , ба ҳар ҳол Худо моро намебахшад , то ин ки мо аз гуноҳ дур нашавем ва ҳаётамонро иваз накунем .
Тавба набояд бо мавҷи эҳсосот маҳдуд шавад. Мо бояд хатоҳои худро ислоҳ намоем, ба ҳамон як гуноҳҳо барнагардем. Мубориза бо гуноҳ дарднок аст.
Вақт, меҳнат, малака дар некӯкорӣ ва мусоидати файзи Худо лозим ҳастанд. Бояд зуд-зуд дар Эътироф ва Пайвасташавии Ҳидоёи Муқаддаси Масеҳ иштирок кардан.
Набояд фаромӯш кард: он ҳолати гунаҳкорона, патологӣ, ки дар давоми даҳсолаҳо ташаккул меёфт, дар як лаҳза дигаргун шуда наметавонад. Ҳар як Эътирофи нав бештар ва бештар ба шахс манзараи ғамангези он чиро, ки дар ботини ӯ рӯй медиҳад, ошкор менамояд. Аммо рӯҳафтода набояд шуд.
Дармонгоҳи тавба ҳамеша кушода аст ва Худованд ҳамеша тайёр аст моро бахшад ва захмҳои гунаҳкоронаи моро шифо диҳад. Мо бояд дар ҳаёти худ фақат бо роҳи тавба қадамгузор бошем ва бо вуҷуди фурӯ ғалтиданҳо, ҳар дафъа бархезем.
Охир, «ба гуноҳ афтидан ба инсон хос аст. Аммо дар гуноҳ мондан на ба инсон, балки ба шайтон хос аст», – таълим медиҳанд Падарони Калисо. Аз ҳамин сабаб муқаддасон бо ҷидду ҷаҳд аз Худо хоҳиш мекарданд: «Ба ман тавбаи комил ато намо». Биёед мо ҳам ба ин пайравӣ намоем.
Илтимос, ин варақаро напартоед ва барои мақсадҳои хаҷагӣ истифода набаред. Агар он ба Шумо дигар даркор набошад, онро ба каси дигар диҳед ё ба маъбад баргардонед. Ба сомонаи мо даромада, худатон варақаи даркориро чоп кунед.