Калисои Православии Рус. Патриархати Москва
Тоҷикӣ

Эътирофи гуноҳҳо ва тавба.

Гуноҳ ва самарҳои талхи он

Гуноҳ – шикастани шариати Худост, ки он асоси рӯҳонии ҳаёти инсон мебошад.

Гуноҳ моро аз Худо ва аз Калисо ҷудо мекунад ва дур менамояд. Дур шудан аз Худо – дур шудан аз пуррагии ҳаёт, ин зери бори гуноҳ мурдани рӯҳу ҷон аст. Дар натиҷаи гуноҳ мо худро ба нохушиҳои зиёд гирифтор мекунем. Гуноҳ аксаре вақт ширин аст, аммо самарҳои он ҳамеша талх мебошанд.

Тавба

Ба шарофати тавба мо метавонем аз фурӯ ғалтидани худ бархезем. Тавбаи ҳақиқӣ – комилан тағйир ёфтани тарзи фикрронӣ, дигаргун шудани ҳаёт, аз таҳти дил рад кардани гуноҳ аст.

Эътирофи гуноҳ

Маҳз дар робита бо Сирри Муқаддаси Тавба ҷаҳолат ва сабукфикрӣ дар дараҷаи олӣ зоҳир мешаванд. Моҳияти Сирри муқаддаси Тавба – эътирофи шахсии даҳонии гуноҳҳо дар назди коҳин аст.

Тайёрӣ ба Эътирофи гуноҳ

  • Ҳангоме ки мо барои Эътирофи гуноҳ меоем, ноҳақ будани худро дидан хеле муҳим аст. Новобаста ба он ки ҳама чунин рафтор мекунанд ё не, муҳим он аст, ки ман ҳақ надорам чунин рафтор кунам, ман ноҳақ будани худро самимона дарк намудам ва ман бояд онро тарк кунам.

Бисёре вақт хиҷолат, ки мо бо он ба Эътирофи гуноҳ меоем, монеа мегардад, хусусан ҳангоми бори аввал омадан. Ин хиҷолат на танҳо аз боиси шарм доштан, балки ҳамчунин аз боиси нобоварӣ ба коҳин мебошад.

Аммо бояд дар ёд дошт, ки эътирофи моро Худованд Исои Масеҳ қабул мекунад, ки ба таври нонамоён дар назди мо истодааст. Коҳинро бошад Худо барои он муқаррар намудааст, ки Сирри Муқаддаси Тавбаро ба ҷо оварад ва дар ин кор мададгори мо бошад.

  • Ба Эътирофи гуноҳ омада, бояд аниқ фаҳмем, ки на тавба кардан, балки гуноҳ кардан шармовар аст ва ҳисси ҳиҷолат аз кори кардаамон – алангаи оташ аст, ки гуноҳро месӯзонад.

  • Пеш аз он ки ба Эътирофи гуноҳ равем, бояд камтар дар танҳоӣ бошем, ба Худо дуо гӯем, то ки Ӯ ба гӯшаҳои ниҳонии ҳастии мо рӯшанӣ андозад. Агар мо бо худ софдил бошем, гуноҳҳои бешумори худро мебинем. Дар айни ҳол бояд дар ёд дошт, ки гуноҳе нест, ки Худованд бахшида натавонад.

Гуноҳҳо ва ҳолатҳои гунаҳкорона нисбат ба Худо

  • Бепарвоӣ ба ҳаёти рӯҳонӣ. Ҳаёт бе дуо. Худро фирефта кардан бо ин фикри бехирадона: «Худо дар дили ман аст – Калисо ба ман даркор нест», ки асоси он тавбанопазирӣ ва ғурур аст.

Куфр гуфтан, таҳқири муқаддасот. Машғул шудан бо ҷодугарӣ, пешгӯӣ, нуҷум, фолбинӣ ва ғайра; ба соҳирон, экстрасенсҳо, гипнотизёрҳо, рамзикунандаҳо, фолбинҳо муроҷиат кардан, ин ҳамма аз имон ва умед ба Худо даст кашидан аст ,ва дар ниҳояти кор боиси муошират бо шайтон ва рӯҳҳои нопоки ӯ мегардад.

  • Ҷустуҷӯи рӯҳонияти бардурӯғ: узвият дар фирқаҳо, медитатсия (мукошафаи мазҳабӣ), йога ва дигар амалияҳои симиёӣ. Дар бар кардани либосҳои қувваҳои нопок ҳатто ба хотири дилхушӣ (иди ҳеллоуин ва ғайра), ки хиёнат ба имони Масеҳ аст.

  • Нобоварӣ ба Худо ва нобоварӣ ба Пешниҳоди Ӯ дар бадбахтиҳо ва мушкилот. Бовар кардан ба аломатҳо, ба тақдир, ба фолномаҳо ва хобҳо.

  • Тарк кардани дуоҳои пагоҳӣ ва бегоҳӣ. Беаҳамиятӣ ба рӯзаҳо ва рӯзҳои рӯзадорӣ. Нарафтан ба Хизмати Иллоҳӣ дар рӯзҳои якшанбе ва дар рӯзҳои ид. Рафтори ношоиста дар ибодатгоҳ. Истифодаи номи Худо дар ҳазлҳо ва гуфтугӯҳои беҳуда. Пайвасташави бо Ҳидоёи Поку Муқаддас бе тайёрии ки Калисо муқаррар кардааст ва бе оштигӣ бо наздикон.

  • Дар масъалаҳои имон бехабар будан. Дар бораи имони худ, беш аз одитарин мафҳумҳо, чизеро донистан нахостан. Хоҳиш надоштани хониши Китоби Муқаддас ва китобҳо дар бораи ҳаёти рӯҳонӣ.

Гуноҳҳо ва ҷиноятҳо нисбат ба наздикон

  • Куштани тифл дар батн: исқоти ҳамл ва дигар воситаҳои абортивӣ. Исқоти ҳамлро маслиҳат додан ва иштирок кардан дар он.

Барои маълумот: спиралҳо ва ҳалқаҳои дохили бачадон воситаҳои абортивӣ мебошанд, ки барои ба девораи бачадон часпида инкишоф ёфтани эмбриони пайдошуда монеъ мешаванд.Ҳамаи воситаҳои ҳозиразамони ҳормонӣ барои «пешгирии ҳомилашавӣ» (ҳабҳо (таблеткаҳо), имплантантҳо ва ғайра) доруҳои абортивӣ мебошанд. Онҳо имконияти дар батн пайдо шудани ҳамлро, ки дер ё зуд ба амал меояд, фақат кам мекунанд.Дар ин маврид эмбриони пайдошуда бо роҳи химиявӣ кушта мешавад. Гуноҳҳои ҳамсароне ки аз воситаҳои абортивии пешгирии ҳомиладорӣ даст намекашанд, дар вақти Муқддасоти Эътироф бахшида намешаванд ва онҳо ба Пайвасташави Ҳидоёи Поку Муқаддас роҳ дода намешаванд.

  • Одамкушӣ, бадбинӣ, душманӣ, таҳқир, зӯроварӣ, бераҳмӣ, ҷидолҳо. Ҳасад, аз бадӣ хурсанд шудан, дағалӣ, густохӣ, тамасхурҳо, лаънатҳо.

  • Набудани муҳаббат ба наздики худ, сарфи назар кардан, нафрат, ношукрӣ.

  • Дағалона, бехирадона ба ҳаёти оилавии фарзандон дахолат кардан. Беэҳтиромӣ ба волидон ва калонсолон.

  • Набудани корҳои нек ва дилсӯзӣ. Муносибати беадолатона ба тобеон. Бераҳмӣ нисбат ба ҳайвонот.

  • Бадахлоқ кардани кӯдакон ва наврасон. Тарғиби зӯроварӣ, бадахлоқии ҷинсӣ ва вайронкориҳои шаҳвонӣ дар ҳар шакле ки бошад.

  • Дар байни имондорон коштани тухми нифоқ ва ҷудоӣ аз рӯи ҷаҳолат ва беитоатӣ ба Мартабаҳои Рӯҳонии Калисо, ки аз ҷониби Худо муқаррар шудааст. Танқиди дағалона дар ибодатхона ба шахсоне ки қоидаҳои калисоиро намедонанд.

  • Дурӯғ, фиреб, маҳкум кардан, ғайбатгӯӣ, тӯҳмат, шиква. Дуздӣ. Дуздӣ дар маҳалли хизмат ва ҷои кор, тамаъҷӯӣ, созишҳои ғайриқонунӣ, судхӯрӣ, аз ҳисоби дигарон зистан.

Гуноҳҳои ҷисмонӣ

  • Фосиқӣ ва зино, яъне алоқаҳои ҷинсии пеш аз никоҳ ва берун аз никоҳ – барои касоне ки чунин корҳоро мекунанд, Пайвасташави бо Ҳидоёи Муқаддаси Масеҳ номумкин аст.

  • Истимно(мастурбасия), ҳамҷинсгароӣ ва дигар вайронкориҳо, бадахлоқиҳо дар ҳаёти маҳрамонаи ҳамсарона (бе тафсилот эътироф карда мешаванд). Аз фикрҳои нопок, аз фантазияҳо ва ламсҳои фосиқона ҳаловат бурдан. Нопок кардани рӯҳу ҷон бо маҷаллаҳо, филмҳо ва бозиҳои компютерии шаҳвонӣ.

Гуноҳҳо ва зуҳуроти гунаҳкорона дар оила

  • Бевафоӣ ба ҳамсар (зино). Дар ҳаққи оилаи худ ғамхорӣ накардан. Набудани муҳаббат ва гапдароӣ. Ҷудошавӣ бе сабабҳои ҷиддие ки Калисо дар он мавридҳо ҷудо шудани ҳамсаронро раво меҳисобад.

  • Бо сабабҳои худпарастона аз таваллуди кӯдакон даст кашидан («ба нақша гирифтани оила» бо хоҳиши дар роҳат ва ҳаловат зистан. Барои ин амал аз Худованд нисбат ба тарбияи фарзандон бори гаронтареро ба даст меоварем).

  • Бепарвоӣ ба тарбияи фарзандон дар имони православӣ.

Гуноҳҳо нисбат ба худ

  • Тамокукашӣ (аз он ҷумла, носкашӣ), бадмастӣ, нашъамандӣ ва намудҳои он. Қиморбозӣ. Филмҳо ва бозиҳои компютерӣ бо саҳнаҳои зӯроварӣ, даҳшатҳо ва куштор. Дар Интернет вақтро беҳуда гузарондан.

  • Либоси беҳаёёна ва беисматона. Косметика, ранг кардани мӯй, вашм (татуировка) кардан. Бехирадона аз пайи мӯд рафтан, ки рӯҳи фосиқӣ ва шӯҳратпарастиро ифода мекунад. Худпарастӣ, худдонамӣ ва ғурур.

  • Дӯст доштани пулу мол.

  • Исрофкорӣ, карруфар. Хасисӣ ва ба худ манфиат ёфтан. Ҳавобаландӣ, такаббур, худписандӣ.

  • Пурхӯрӣ, майл ба хушхӯрӣ. Барои ғизо истеъмол намудани хуни ҳайвонот.

  • Бадлафзӣ. Беҳудагӯӣ ва сергапӣ.

  • Бисёр вақт мо хатоҳои ночизи худро эътироф мекунем, аммо тамоман аҳамият намедиҳем, ки Худоро дӯст намедорем, ёри худро бад мебинем ва пур аз ҳавобаландӣ, иззатталабӣ ва пур аз шиква ҳастем.

Дигар гуноҳи маъмул – маҳкум кардан аст. Аммо Падарони Муқаддас таълим медиҳанд, ки касе наздики худро маҳкум накунад, бе душворӣ наҷот ба даст меоварад.

Қоидаҳои эътирофи гуноҳ

Барои он ки эътирофи мо ба Худо писанд ояд, он бояд самимӣ, ростгӯёна, пур аз фурӯтанӣ ва тарси Худо бошад.

Ҳангоми эътирофи гуноҳ мо набояд:

  • гуноҳҳои дигаронро эътироф намоем;

  • қиссаҳои тӯлониро нақл кунем;

  • бо суханони умумӣ эътироф намоем («ҳаматарафа гуноҳкорам» ва ғайра);

  • дар бораи корҳои нек ва сифатҳои неки худ нақл намудан;

  • дар бораи гуноҳои эътирофшуда гап задан, ғайр аз он мавриде ки гуноҳ боз содир шудааст;

  • ба наздики худ дар дил кина ё ранҷиш доштан;

  • чизеро пинҳон намудан, зеро бо ин амал мо ин Сирри Муқаддасро масхара мекунем, аммо Худованд Маглубнопазир аст ва ҳеҷ бади ба Вай расида наметавонад – дар натиҷа, ба ҷои бахшида шудан, мо гуноҳҳои худро бадтар мекунем.

Дуои бахшида шудани гуноҳҳоро коҳин бар шахси тавбакарда мехонад. Агар шахс тамоман тавба кардан нахоҳад, агар ӯ аз ҳаёти гунаҳкоронааш даст кашидан нахоҳад, чунин Эътироф беэътибор аст.

Роҳи тавба

Бояд фаҳмид, ки агар ҳатто ҳамаи коҳинон, патриархҳо, архиерейҳо ва тамоми ҷаҳон моро бахшанд , ба ҳар ҳол Худо моро намебахшад , то ин ки мо аз гуноҳ дур нашавем ва ҳаётамонро иваз накунем .

Тавба набояд бо мавҷи эҳсосот маҳдуд шавад. Мо бояд хатоҳои худро ислоҳ намоем, ба ҳамон як гуноҳҳо барнагардем. Мубориза бо гуноҳ дарднок аст.

Вақт, меҳнат, малака дар некӯкорӣ ва мусоидати файзи Худо лозим ҳастанд. Бояд зуд-зуд дар Эътироф ва Пайвасташавии Ҳидоёи Муқаддаси Масеҳ иштирок кардан.

Набояд фаромӯш кард: он ҳолати гунаҳкорона, патологӣ, ки дар давоми даҳсолаҳо ташаккул меёфт, дар як лаҳза дигаргун шуда наметавонад. Ҳар як Эътирофи нав бештар ва бештар ба шахс манзараи ғамангези он чиро, ки дар ботини ӯ рӯй медиҳад, ошкор менамояд. Аммо рӯҳафтода набояд шуд.

Дармонгоҳи тавба ҳамеша кушода аст ва Худованд ҳамеша тайёр аст моро бахшад ва захмҳои гунаҳкоронаи моро шифо диҳад. Мо бояд дар ҳаёти худ фақат бо роҳи тавба қадамгузор бошем ва бо вуҷуди фурӯ ғалтиданҳо, ҳар дафъа бархезем.

Охир, «ба гуноҳ афтидан ба инсон хос аст. Аммо дар гуноҳ мондан на ба инсон, балки ба шайтон хос аст», – таълим медиҳанд Падарони Калисо. Аз ҳамин сабаб муқаддасон бо ҷидду ҷаҳд аз Худо хоҳиш мекарданд: «Ба ман тавбаи комил ато намо». Биёед мо ҳам ба ин пайравӣ намоем.

Илтимос, ин варақаро напартоед ва барои мақсадҳои хаҷагӣ истифода набаред. Агар он ба Шумо дигар даркор набошад, онро ба каси дигар диҳед ё ба маъбад баргардонед. Ба сомонаи мо даромада, худатон варақаи даркориро чоп кунед.